мӯй

мӯй
I
[موي]
1. пашми тор-тори маҳин, ки дар сар, рӯй ва бадан мебарояд: мӯи мушкин, мӯи сиёҳ; мӯи ғуллӣ мӯи ғафс; мӯи мошу биринҷ мӯи сиёҳу сафед омехта; мӯи ҷингила мӯи марғула; мӯи печу тобхӯрда; мӯ(й) бофтан торҳои мӯйро ба ҳам пайваста кокулу гесӯ сохтани занону духтарон; мӯй кандан а) аз бех канда партофтани мӯ; б) ниг. мӯйканӣ
2. торҳои дум ва ёли асп, хар ва ғ. ; қил, ки барои сохтани мӯқалам ва барои баъзе созҳои мусиқӣ ҳамчун тор хизмат мекунад
◊ мӯе (аз…) миқдори хеле каме (аз чизе), андаке (аз), заррае (аз); сари мӯе ниг. мӯ (як сари мӯ); аз хирс мӯе аз одами хасис андак чизе ҳам ба даст ояд, ғанимат аст; ба хотири мӯи сафеди касе барои эҳтироми синну соли касе; мӯе аз бадани касе кам накардан ба касе андаке ҳам бошад, озор ва осеб нарасондан; мӯйро аз хамир ҷудо кардан масъаларо дақиқ тафтиш кардан; ҳақиқати масъалаеро ошкор кардан; мӯи сар рост хестан а) сахт хашмгин ва ғазабнок шудан; б) сахт тарсидан; мӯи сар сафед шудан дар коре бо коре муддати хеле зиёд машғул шудан; батаҷрибаву моҳир шудан дар коре (аз солҳои зиёд анҷом додани он); аз мӯи сар ҳам зиёд будан(-и коре) аз ҳад зиёд будани коре; мӯи сари касеро хушк тарошидан касеро сахт азоб додан; дар ҳаққи касе ягон бадӣ кардан; даҳони касе мӯй баровардан дар мавриде, ки ба касе бисёр мегӯянд ва ё зиёд насиҳат мекунанду бенатиҷа мемонад, гуфта мешавад
II
(мӯ)
[موي // مو]
кит. кафидагии нозуке, ки дар зарфҳои чинӣ пайдо мешавад: мӯи (косаи) чинӣ

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»